Шабдолов: Дар Шартномаи минтақаи озоди савдо дар ИДМ танҳо иқтисод дар назар аст

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов мӯътақид аст, ки Шартномаи баимзорасида дар бораи минтақаи озоди савдо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил танҳо ҳадафҳои иқтисодиро пайгирӣ мекунад ва кӯшишҳои чанде аз сиёсатмадорон бобати ангезаи сиёсӣ додан ба он беасос аст. Ба қавли вай, бӯҳрони моливу иқтисодии соли 2009 ва мавҷи дуюми он айни замон мақомоти раҳбарии кишварҳои […]

Аваз Юлдошев


Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов мӯътақид аст, ки Шартномаи баимзорасида дар бораи минтақаи озоди савдо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил танҳо ҳадафҳои иқтисодиро пайгирӣ мекунад ва кӯшишҳои чанде аз сиёсатмадорон бобати ангезаи сиёсӣ додан ба он беасос аст.

Ба қавли вай, бӯҳрони моливу иқтисодии соли 2009 ва мавҷи дуюми он айни замон мақомоти раҳбарии кишварҳои узви ИДМ, бахусус Русияро водор сохтанд, ки ба мавқеъи худ оид ба таъсиси минтақаҳои озоди савдо дар қаламрави собиқи шӯравӣ дубора назар андозанд.

«Умуман тамоми ҷаҳон аз таъсиси чунин минтақаҳо манфиати зиёде ба даст овардааст, ИДМ бошад, аз ҳама баъдтар чунин қарорҳои муҳимро қабул мекунад», – таъкид кард раиси ҲКТ.

Ёдрас мекунем, ки дар санади мазкур, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба имзо расид, бекор кардани боҷи содиротиву воридотӣ ба як гурӯҳ маҳсулот пешбинӣ шудааст ва коршиносон бар ин назаранд, ки мутаносибан қимати ин маҳсулот низ поин хоҳад рафт.

Дар зери ин санад нахуствазирони 8 кишвари узви ИДМ имзо гузоштанд. Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон то ахири сол сатҳи иштироки худ дар ин шартномаро муайян мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.