Сафари котиби давлатии ИМА ба Покистон

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ҷиҳати гуфтушунид дар сатҳи олӣ оид ба муборизаи муштарак бо ошӯбгарон ва ифротгароён ба Покистон сафар кард. Бино ба иттилои хабаргузории Би-Би-Сӣ, Ҳилларӣ Клинтон аз Покистон даъват кардааст, ки ба амалҳои гурӯҳҳои ифротгаро дар қаламраваш хотима бахшад. Ӯ гуфтааст, барои баргузории амалиёти низомӣ дар манотиқи наздисарҳадии музофоти Вазиристон, […]

ASIA-Plus


Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ҷиҳати гуфтушунид дар сатҳи олӣ оид ба муборизаи муштарак бо ошӯбгарон ва ифротгароён ба Покистон сафар кард.

Бино ба иттилои хабаргузории Би-Би-Сӣ, Ҳилларӣ Клинтон аз Покистон даъват кардааст, ки ба амалҳои гурӯҳҳои ифротгаро дар қаламраваш хотима бахшад.

Ӯ гуфтааст, барои баргузории амалиёти низомӣ дар манотиқи наздисарҳадии музофоти Вазиристон, ки ҷангиёни гурӯҳи Ҳаққонӣ амал мекунанд, кӯшиш хоҳад кард.

Яке аз фармондеҳони артиши Покистон изҳор доштааст, ки ИМА бояд ба суботи вазъ на дар Покистон, балки дар Афғонистон кӯшиш кунанд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости», котиби давлатии ИМА гуфтааст, «мо умедворем, ки Покистон дар мубориза бо терроризм яке аз кишварҳои пешқадам хоҳад шуд, зеро терроистоне, ки дар қаламрави ин кишвар амал мекунанд, на танҳо ба мардуми Покистон, балки ба амнияти аҳолии дигар кишварҳо низ таҳдид мекунанд».

Ба гуфтаи Ҳилларӣ Клинтон, ӯ ба мақомоти раҳбарии Покистон муҳим будани стратегияи наверо хоҳад расонид, ки бо президенти Афғонистон Ҳомид Карзай баррасӣ кардаанд.

Дар ҷараёни гуфтушунид бо президенти Афғонистон котиби давлатии ИМА изҳор кардааст, ки ҳамкорӣ миёни Покистону Афғонистон омили муҳими қатъи ҷанг аст.

Ҳилларӣ Клинтон дар Кобул ҳамчунин бо Салоҳуддин Раббонӣ, писари, собиқ президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ низ мулоқот орост. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.