Пирӯзии «Регар-ТадАЗ» дар мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2011

Date:


Вохӯрии ниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Истиқлол» (Душанбе) дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ғалабаи футболбозони шаҳри Турсунзода анҷом ёфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бартариро гоҳ ин даставу гоҳ дастаи дигар соҳиб гардида, вале дар қисми якум ҳисоб кушода нашуд. Дар қисм якум довар ба ду футболбози «Регар-ТадАЗ» ва як бозингари дастаи «Истиқлол» корти зард нишон дод. Дар аввали қисми дуюм футболбозони шаҳри Турсунзода ба бартарӣ соҳиб гардида, дар дақиқаи 61-уми бозӣ пас аз зарбаи Ҷамшед Исмоилов аз масофаи дур тӯб вориди дарвозаи душанбегиҳо шуд. Сарфи назар аз кӯшишҳои ҳар ду даста, ин ҳисоб то анҷоми бозӣ бетағйир боқӣ монда, дастаи «Регар-ТадАЗ» соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2011 гардид.

Дар маросими супурдани Ҷом ба ғолибон ва дигар ҷоизаву мукофотҳо раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов ва дигар шахсони расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар нишасти хабарӣ пас аз анҷоми вохӯрӣ сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев изҳор кард, ки муддати ду сол даста натавонист ба вохӯрии ниҳоӣ роҳхат бигирад. «Футболбозони даста имрӯз танҳо бо мақсади пирӯз шудан ба майдон баромаданд ва ман шодам, ки ба ҳадаф расиданд. Соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистон будан барои мо ифтихору шарафи бузарг аст», – афзуд сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...