Кӯлоб: Ҷаримабандӣ барои муҳайё насохтани анбори нигаҳдории лампаҳои каммасрафи корношоям

Шахсони масъули минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки супориши ҳукуматдорон дар бораи муҳайё сохтани биноҳои анбор барои нигаҳдории лампаҳои каммасрафи корношоями аз аҳолӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ҷамъовардаро иҷро накарданд, дар маҷмӯъ ба маблағи 1 ҳазору 050 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарнозири нозироти ҳифзи муҳити зисти гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Аъзам Тӯйчиев хабар […]

Турко Дикаев


Шахсони масъули минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки супориши ҳукуматдорон дар бораи муҳайё сохтани биноҳои анбор барои нигаҳдории лампаҳои каммасрафи корношоями аз аҳолӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ҷамъовардаро иҷро накарданд, дар маҷмӯъ ба маблағи 1 ҳазору 050 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарнозири нозироти ҳифзи муҳити зисти гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Аъзам Тӯйчиев хабар дод, аз ҷумла роҳбарони як қатор ҷамоатҳои ноҳияҳои Данғара, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Мӯъминобод ва ҳамчунин директори мактаби рақами 15-и шаҳри Кӯлоб ҷаримабандӣ шудаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, феълан дар анборҳои умумии корхонаҳои коммуналии ноҳияҳои минтақа ҳудуди 7 ҳазор адад лампаҳои камммасрафи корношоям ҷамъоварӣ ва нигаҳдорӣ карда мешаванд. «Минбаъд бо ҷамъоварии миқдори зиёди лампаҳои корношоям, ки ба партов табдил додани онҳо зарур мешавад, онҳо ба корхонаи махсус ба Душанбе фиристода мешаванд», – гуфт ҳамсӯҳбат.

Ба андешаи Тӯйчиев, дар ин бахш мушкилот зиёд аст ва роҳҳои ҳалли он рӯзи 1-уми ноябр дар ҷараёни семинари минтақавии махсусе, ки таҳти раёсати муовини аввали раиси вилояти Хатлон Абдураҳмон Қодирӣ баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.