Бонки рушди Авруосиё ба «Тоҷпромбонк» 3 млн. $ маблағ ҷудо кард

Бонки рушди Авруосиё рӯзи 27-уми октябр созишномаи қарзӣ бо ҶСП «Тоҷпромбонк» дар бораи маблағгузории барномаи қарздиҳии хурд дар Тоҷикистонро ба имзо расонид. Бно ба маълумоти хадамоти матбуоти бонки мазкур, қарз дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА ба мӯҳлати се сол бо якчанд қисм тибқи дархости қарзгир ҷудо карда мешавад. Гуфта мешавад, «Тоҷпромбонк» мустақилона корхонаву ширкатҳоро, […]

Пайрав Чоршанбиев


Бонки рушди Авруосиё рӯзи 27-уми октябр созишномаи қарзӣ бо ҶСП «Тоҷпромбонк» дар бораи маблағгузории барномаи қарздиҳии хурд дар Тоҷикистонро ба имзо расонид.

Бно ба маълумоти хадамоти матбуоти бонки мазкур, қарз дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА ба мӯҳлати се сол бо якчанд қисм тибқи дархости қарзгир ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, «Тоҷпромбонк» мустақилона корхонаву ширкатҳоро, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ҷиҳати пешниҳоди қарз интихоб хоҳад кард. Қарзҳои аз 1 то 50 ҳазор доллари ИМА ба муддати то 36 моҳ ихтисос дода мешаванд.

«Амалисозии лоиҳаи мазкур миёни БРАО ва «Тоҷпромбонк» ба муҳайё сохтани шароити мусоид барои рушду устувори тиҷорати хурд дар Тоҷикистон, густариши муҳити рақобатпазирӣ ва мутаносибан афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, зиёд шудани номгӯи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, беҳбуди сифати маҳсулот мусоидат мекунад. Ҳамин тариқ, аз ҳисоби дастгирии тиҷорати хурд натиҷаи назарраси рушди иқтисоди бозаргонии ҷумҳурӣ ба даст оварда мешавад», – чунин мешуморанд дар БРАО.

Соли 2010 БРАО ба «Тоҷпромбонк» барои амалисозии барномаи қарздиҳии хурд ба мӯҳлати 1 сол дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА қарз ҷудо карда буд. Дар чаҳорчӯби ин қарз «Тоҷпромбонк» бо иловаи 1,8 млн. доллари ИМА аз захираҳои худ дар ҳаҷми умумии 4,8 млн. доллари ИМА беш аз 1 ҳазору 900 адад қарзҳои хурд ҷудо намуд. Моҳи сентябри соли равон ин қарз пурра пардохт гардид.

Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди АвруОсиё созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин ин кишварҳо таъсис ёфт. Дар таърихи 1-уми декабри соли 2008 Шӯрои Бонки рушди Авруосиё Тоҷикистону Белорус ва Арманистонро ба узвият пазируфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.