Садамаи нақлиёт ҷони 4 танро рабуд

Date:


Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷануби кишвар 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҳалок ва 7 тан ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар километри 64-уми роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа, дар қаламрави ноҳияи Хуросон ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» А.Х.-и 26-сола бо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи М. М.-и 19-сола дар як саф карор гирифта, аз ӯ гузаштанӣ мешавад, вале автомашинаи «Опел-Астра» ба ин монеъ мегардад, ки дар натиҷа автомашинаҳо ба ҳам бармехӯранд.

«Ба асари зарба автомашинаи «Опел-Астра» ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба чуқурие сарозер меафтад. Ин ҳангом автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело» аз самти муқобили ҳаракат ба автомашинаи дар байни роҳ истодаи «Опел-Вектра» бармехӯрад», – гуфтанд дар ВКД.

Бино ба иттилои манбаъ, ронандагони автомашинаҳои тамғаи «Опел» ва мусофирони автомашинаи «Опел-Астра» –  кӯдакони соли таваллуди 2010 ва 2011 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

«Ду нафар мусофирони автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело» ва панҷ нафар мусофирони автомашинаи «Опел-Астра», аз ҷумла ду нафар кӯдакон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд», – афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...