Мулоқоти раиси ҲНИТ бо дабири кулли Созмони байнулмиллалии «Бедории исломӣ»

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо даъвати Алиакбар Вилоятӣ, Дабири кулли Созмони байналмиллалии «Бедории исломӣ» ба Техрон сафар намуда, бо Алиакбар Вилоятӣ гуфтушунид кард. Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон конфронси аввали бедории исломӣ бо ширкати бештар аз 800 андешаманд ва […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо даъвати Алиакбар Вилоятӣ, Дабири кулли Созмони байналмиллалии «Бедории исломӣ» ба Техрон сафар намуда, бо Алиакбар Вилоятӣ гуфтушунид кард.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон конфронси аввали бедории исломӣ бо ширкати бештар аз 800 андешаманд ва сиёсатмадори ҷаҳони ислом баргузор гашта буд, ки Теҳрон мақарри ин созмон ва Вилоятӣ Дабири кулли он интихоб шуданд. Раҳбари ҲНИТ ҳам дар шӯрои марказии ин созмон узвият дорад.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар вохӯрии раиси ҲНИТ бо Алиакбар Вилоятӣ   масоили гуногуни марбут ба фаъолияти минбаъдаи созмон ва истифодаи имконоту потенсиали ин созмони байналмиллалии ғайриҳукуматӣ ба нафъи миллатҳо ва кишварҳо баррасӣ гашт.  Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки намояндагони ҲНИТ ва дигар созмонҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар фаъолияти сохторҳои гуногуни Созмони «Бедории исломӣ» ширкати фаъол дошта бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.