Пирӯзии Алмосбек Отамбоев дар интихоботи президентии Қирғизистон

Пас аз аз баршумурдани 95%-и протоколи варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон нахуствазири ин кишвар Алмосбек Отамбоев пешсаф аст. Бино ба гуфтаи роҳбари Кумитаи марказии интихоботи Қирғизистон Туйғуналӣ Абдураҳимов, айни замон ба Кумитаи марказии интихобот 95,4%-и протоколҳои варақаҳои овоздиҳӣ ворид гардида, аз рӯйи натоиҷи он 62,88% ба ҷонибдории Алмосбек Отамбоев, 14,9% ба тарафдории Адахон […]

ASIA-Plus


Пас аз аз баршумурдани 95%-и протоколи варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон нахуствазири ин кишвар Алмосбек Отамбоев пешсаф аст.

Бино ба гуфтаи роҳбари Кумитаи марказии интихоботи Қирғизистон Туйғуналӣ Абдураҳимов, айни замон ба Кумитаи марказии интихобот 95,4%-и протоколҳои варақаҳои овоздиҳӣ ворид гардида, аз рӯйи натоиҷи он 62,88% ба ҷонибдории Алмосбек Отамбоев, 14,9% ба тарафдории Адахон Мадумаров ва 14, 43%  ба ҷонибдории Қамчибек Ташиев раъй додаанд.

Барои пирӯзӣ дар даври аввали интихоботи президенти Қирғизистон ба даст овардани беш аз 50%-и раъйи интихобкунандагон зарур аст.

«Даври дуюми интихоботи президентӣ дар Қирғизистон баргузор намешавад. Отамбоев аз нисф хеле бештар раъйи интихобкунандагонро ба даст овард ва метавон гуфт, ки ӯ аллакай дар даври аввал пирӯзӣ ба даст овард», – иттилоъ медиҳад ИТАР-ТАСС бо такя ба гуфтаҳои Туйғуналӣ Абдураҳимов.

Раиси Кумитаи марказии интихоботи Қирғизистон ҳамчунин зикр кардааст, ки дар чанде аз қитъаҳои интихоботӣ кӯшишҳои ба миқдори зиёд якбора ба қуттиҳои овоздиҳӣ партофтани баргаҳо ба қайд гирифта шудааст. «Ин қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шуда, натиҷаҳои овоздиҳӣ дар ин қитъаҳо яқинан бекор карда мешаванд», – изҳор доштааст ӯ.

Айни замон роҳбари давлати Қирғизистон президенти давраи гузариш Роза Отунбоева мебошад, ки ваколатҳои ӯ 31-уми декабри соли 2011 ба анҷом мерасанд ва ӯ бори дуюм ба ин мансаб довталабӣ карда наметавонад. Мутобиқи конститутсияи нави Қирғизистон, ки соли гузашта пас аз табаддулоти давлатӣ қабул шуд, президенти Қирғизистон ба муддати 6 сол ва танҳо ба як мӯҳлат интихоб мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.