Директори АНМН намояндагони Иттиҳоди Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Ахири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо сардори қисми сиёсӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи башар дар назди Хадамоти хориҷии Аврупоӣ хонум Риина Кионка ва Намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти Агентии […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо сардори қисми сиёсӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи башар дар назди Хадамоти хориҷии Аврупоӣ хонум Риина Кионка ва Намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Агентии мазкур хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин  Сардори Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр, Сардори Шӯъба оид ба масъалаҳои сиёсии Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Иштван Нитрай ва Мушовир оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон хонум Одроне Перкаускиене иштирок намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ дар кишвар шинос намуда, дар бораи сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои амалие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ меандешад, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақши он дар муборизаи ҷаҳонӣ бо ин хатари башарӣ сухан гуфтанд.

Зимнан зикр гард, ки хонум Риина Кионка хабар доданд, ки мақсади ташрифи ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон иштирок дар ҷаласаи чоруми муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Ҳамзамон ҳайати мазкур  бо мақомоти дахлдори кишвар сари мавзӯъи ҳуқуқи инсон сӯҳбат хоҳанд кард.

Дар фарҷоми мулоқот Рустам Назаров таъкид кард, ки талаботҳои ҳамаи аҳдномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи башар, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.