Садамаи нақлиёт ҷони 4 танро рабуд

Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷануби кишвар 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҳалок ва 7 тан ҷароҳат бардоштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар километри 64-уми роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа, дар қаламрави ноҳияи Хуросон ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» А.Х.-и 26-сола бо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи М. […]

Наргис Ҳамробоева


Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷануби кишвар 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҳалок ва 7 тан ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар километри 64-уми роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа, дар қаламрави ноҳияи Хуросон ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» А.Х.-и 26-сола бо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи М. М.-и 19-сола дар як саф карор гирифта, аз ӯ гузаштанӣ мешавад, вале автомашинаи «Опел-Астра» ба ин монеъ мегардад, ки дар натиҷа автомашинаҳо ба ҳам бармехӯранд.

«Ба асари зарба автомашинаи «Опел-Астра» ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба чуқурие сарозер меафтад. Ин ҳангом автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело» аз самти муқобили ҳаракат ба автомашинаи дар байни роҳ истодаи «Опел-Вектра» бармехӯрад», – гуфтанд дар ВКД.

Бино ба иттилои манбаъ, ронандагони автомашинаҳои тамғаи «Опел» ва мусофирони автомашинаи «Опел-Астра» –  кӯдакони соли таваллуди 2010 ва 2011 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

«Ду нафар мусофирони автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело» ва панҷ нафар мусофирони автомашинаи «Опел-Астра», аз ҷумла ду нафар кӯдакон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.