Ифтитоҳи нахустин портали интернетӣ дар бораи ҳаёти мусулмонони минтақа

Date:


Гурӯҳи медиавии «Азия-Плюс» портали нави иттилоотиву таҳлилии интернетии Islamnews.tj-ро ифтитоҳ кард.

Он ба ҳаёти мусулмонони Тоҷикистон ва минтақа, аз ҷумла муносибатҳои созмонҳои мусулмонӣ бо мақомоти давлатӣ дар сатҳи маҳалливу давлатӣ бахшида шудааст. Директори генералии ОИ «Азия-Плюс» Умед Бобохонов ифтитоҳи лоиҳаи навро ба баланд гардидани нақши ислом дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон нисбат медиҳад.

«Дар Islamnews.tj дар бораи ҳаёти мусулмонон ва равандҳои мавҷудаи ҳаёти мусулмонони минтақа маълумот дода мешавад. Нақши ислом дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар рӯз то рӯз афзун мегардад ва ин воқеъиятест, ки наметавон онро инкор намуд», – мегӯяд У. Бобохонов.

Ба қавли ӯ, яке аз вазифаҳои портали нав баргузории мониторинги вазъи дин ва таҳкиму густариши муколама миёни ҷомеаи мусулмонон ва давлат аст. Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа ҷиҳати ҳамкорӣ ҷалби олимони бахши исломшиносӣ, мутахассисони Кумитаи корҳои дин, Шӯрои уламо ва рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистону минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Ба ҷуз иттилооти тозаву мақолаҳои таҳлилӣ, аксҳову маводи видеоӣ, дар сомона маълумотнома дар бораи ислом дар ҶТ, қонунгузории миллӣ ва байнулмилалӣ дар бахши дин, тарҷумаи ҳоли рӯҳнимёни маъруф, китобҳои электронӣ дар мавзӯи дин ва ғайра ҷойгир карда мешаванд. Бахшҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ дар бораи масоили динӣ равона шудаанд. Дар Islamnews.tj ҳамарӯза хабарҳои наву мақолаҳои таҳлилӣ ва ҳамчунин хабарҳои тозаи порталҳои дигар гузошта мешаванд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...