Ҳ. Зарифӣ: Омили муҳими рушди Афғонистон роҳандозии тиҷорат бо кишварҳои ҳамсоя аст

Зимни суханронӣ дар Конфронси Истанбул оид ба Афғонистон таҳти унвони «Амният ва ҳамкорӣ дар Қалби Осиё» вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор кард, ки ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ аз тариқи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя омили муҳими таъмини устувории рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. «Мо боварӣ дорем, Конфронси панҷуми ҳамкориҳoи иқтисодии […]

ASIA-Plus


Зимни суханронӣ дар Конфронси Истанбул оид ба Афғонистон таҳти унвони «Амният ва ҳамкорӣ дар Қалби Осиё» вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор кард, ки ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ аз тариқи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя омили муҳими таъмини устувории рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.

«Мо боварӣ дорем, Конфронси панҷуми ҳамкориҳoи иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCА V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе зери сарпарастии ташаббуси Роҳи Нави Абрешим барпо мегардад ва дар ҳошияи он анҷумани соҳибкорон ва ҳамоиши олимону муҳаққиқон сурат мегирад саҳми арзандае ба ин раванд хоҳад гузошт», – гуфт ӯ.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Ҳамрохон Зарифӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон татбиқи тамоми лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавиро дар соҳаҳои коммуникатсия ва нақлиёт, ки Афғонистонро дарбар мегиранд, пуштибонӣ менамояд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Афғонистонро панҷ пули автомобилгард аз болои дарёи Панҷ бо ҳам мепайвандад, сохтмони як пул дар ноҳияи Шӯрообод шурӯъ шудааст, сохтмони ду пули дигар дар мавзеъҳои Кокул ва Айваҷ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки роҳи оҳан байни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ омӯхта шудааст ва ба иқдомҳои амалии мушаххас ниёзманд аст. «Ин масир дар оянда ба хати роҳи оҳани аллакай сохташудаи Ӯзбекистон-Афғонистон ва ҳамчунин ба роҳҳои дар назарбудаи Туркманистон-Афғонистон ва Эрон-Афғонистон мепайвандад. Интизор меравад, ки масири номбурда дар оянда ба чорроҳаи муҳими транзитӣ мубаддал мегардад ва гардиши молу колоро миёни кишварҳои минтақа ба маротиб зиёд карда, даромади буҷаи Афғонистонро ба миқдори қобили таваҷҷӯҳ афзун хоҳад сохт», – иброз дошт Ҳ. Зарифӣ.

Зимни суханрнӣ роҷеъ ба таъмини Афғонистон бо қувваи барқ, Х. Зариӣ изҳор кард, ки «боиси хушнудист, ки охири моҳи октябри соли равон ифтитоҳи расмии хати интиқоли барқи 220 кВ аз НОБ Сангтуда-1-и Тоҷикистон то шаҳри Пули Хумрии Афғонистон анҷом ёфт ва он имкони интиқоли қувваи барқи арзонро ба Афғонистон фароҳам меоварад».

 «Лоиҳаҳои транзитии хатҳои интиқоли барқи баландшиддатро аз тариқи Афғонистон бояд махсус зикр кард. Дар ҳоли ҳозир мо татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро, ки ҳалли мушкили норасоии барқ дар Афғонистону Покистон ва интиқоли қувваи барқи изофии арзонро аз Қирғизистон ва Тоҷикистон дарбар мегирад, ҳамчун муҳимтарин лоиҳа арзёбӣ мекунем ва онро байни лоиҳаҳои авлавиятдори Конфронси Истанбул ҷойгир намудем», – афзуд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.