Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир донишҷӯйи соли 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Б.Ҷ.-и 23-сола боздошт шуд. «Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда аз ӯ ба миқдори 862 грамм маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира гардид», – гуфтанд дар вазорат.
Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон дар қаламрави кишвар аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беш аз 1,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.


