Дастрас шудани 10 тонна сӯзишворӣ ба ағбаи Шаҳристон

Date:


Барои фаъолияти доимии роҳи автомобилгарди  ағбаи «Шаҳристон» дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012, дар майдончаи қисми ҷанубии нақби «Шаҳристон» хона – вагони кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ гузошта шуда, барои фаъолияти кормандон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ағбаи Шаҳристон дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2011 – 2012 барои навбатдорӣ аз дигар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят  техникаву қувваи корӣ аз рӯи ҷадвал ҷалб карда шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамзамон, ситоди доимоамалкунандаи вилоятӣ ташкил гардида, аз тарафи роҳбарият ва мутахассисони муассисаи мазкур, масъулини шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии вилоят, ситоди Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилоят, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. 

Зимнан зикр гардид, ки миқдори зарурии маводи ғизойӣ, ангиштсанг, ҳезуми сахт, сӯзишвории техникӣ ва 735 м³ маводи зиддилағҷиш захира гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 10 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо ва ба ағбаи «Шаҳристон» дастрас карда шуд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...