Таъсиси ситоди шабонарӯзии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия

Дар робита ба рӯйдодҳои ахир ва маҳз афзудани таҳдидҳои созмону ташкилотҳои ғайрирасмии Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд ва баргузории гирдиҳамоиву намоишҳои ғайриқонунӣ дар назди бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва бинои хадамоти консулгарӣ, ҷиҳати расидагии саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва расонидани кумаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти онҳо, дар […]

Аваз Юлдошев


Дар робита ба рӯйдодҳои ахир ва маҳз афзудани таҳдидҳои созмону ташкилотҳои ғайрирасмии Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд ва баргузории гирдиҳамоиву намоишҳои ғайриқонунӣ дар назди бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва бинои хадамоти консулгарӣ, ҷиҳати расидагии саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва расонидани кумаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти онҳо, дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ситоди шабонарӯзӣ таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ситод баҳри танзиму ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони сафоратхона ва намояндагиҳои дахлдори Тоҷикистон ташкил ёфта, ба он сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев роҳбарӣ мекунад.

Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз ҳамаи шаҳрвандон ва созмонҳои ҷамъиятии кишвар даъват ба амал меоварда, ки зимни зарурат ба ситод муроҷиат намоянд ё бо телефонҳои зерин занг зананд:

Достией Абдулмаҷид Салимович – сафири Тоҷикистон дар Русия: +7 (495) 690-41-86,  690-38-46;

Назаров Тӯрабев Камолович – мушовир: +7 926-203-70-86

Рашидов Сулаймон Сатторович – мушовир: +7 925-74-82-47

Ғаниева Садбарг Бурҳоновна – консул: +7 926-192-13-44

Одинаев Асрор Тошматович – намояндаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ФР: +7 925-880-80-38

Яқубова Шарифа Азамовна – котиби аввал: +7 916-874-48-27

Бӯрибоев Мурод Хайруллоевич – котиби матбуотӣ:  +7 926-839-27-16

Назиров Баҳодур Тошматович – котиби дуюм +7 925-879-40-20

Файзуллоев Манучеҳр – котиби сеюм: +7 917-550-29-93

Абдушукуров Абдусамад Абураҳмонович – атташе:  +7 910-416-75-54

Асламов Муродбек  Раҷабалиевич – атташе: +7 929-662-85-57

Зайнидинов Хуршед Нуридинович – мутахассис: +7 926-349-33-28

Мирзоев Саидмухтор Маҳмудович – муов. Сардори Намояндагии ХМ назди ҳукумати ҶТ дар Русия: +7 906-724-02-02.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароида, Маскав изҳор кард, ки чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.