Баррасии масъалаи истирдоди маҳбусони тоҷик аз Афғонистон

Чанде қабл гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорат корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, вазъ дар минтақа, ҳамкории ҳарду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорат корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, вазъ дар минтақа, ҳамкории ҳарду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро муҳокима карданд.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд намуд, ки кишвари ӯ ба ҳамкории густурда бо Афғонистон дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ аҳамияти махсус медиҳад. Дар ин робита ба наздикӣ Намояндаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Афғонистон ва Покистон таъин шуд, ки ин амр минбаъд ба ҳамкории боз ҳам созанда мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин Вазир Ҳ. Зарифӣ аз ҳамтои афғони худ хоҳиш намуд, ки ба масъалаи истирдоди маҳкумшудагони тоҷики дар ҳабсхонаҳои Афғонистон қарордошта суръат бахшида шавад. Дар навбати худ, Залмай Расул иттилоъ дод, ки масъалаи мазкур мавриди баррасии роҳбарияти Афғонистон қарор дошта, имкон аст, ки дар мӯҳлати наздик яке аз маҳкумшудагон Яков Тсой ба Тоҷикистон баргардонида шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.