Сабти номи чор номзад ба курсии вакилӣ

Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ оид ба ҳавзаи интихоботии  Шоҳмансур № 3-и пойтахт чаҳор нафарро ба ҳайси номзад ба курсии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи мазкур сабти ном кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон хабар доданд, ба сифати номзад ба вакилӣ намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази […]

Аваз Юлдошев


Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ оид ба ҳавзаи интихоботии  Шоҳмансур № 3-и пойтахт чаҳор нафарро ба ҳайси номзад ба курсии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи мазкур сабти ном кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон хабар доданд, ба сифати номзад ба вакилӣ намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тоҷир Сӯҳроб Оймаҳмадов ва ғайриҳизбӣ, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  Абдуқаҳҳор Турсунов ба қайд гирифта шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, номзадҳои сабтшуда шурӯъ аз фардо, 19-уми ноябри соли 2011, метавонанд ба маъракаи таблиғотии пешазинтихоботии худ оғоз намоянд.

Дар таърихи 17-уми октябри соли равон КМИР дар бораи баргузориии интихоботи вакили палатаи поёнии парлумони кишвар аз ин ҳавза дар санаи 18-уми декабри соли 2011 қарор қабул кард.

Ёдрас мекунем, ки пас аз даргузашти вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сафаралӣ Раҷабов ҷойи як вакил аз ҳавзаи интихоботии мазкур холӣ монд.

Ахири моҳи котябри соли ҷорӣ Ҳизби сотсила-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров як изҳороте пахш намуд, ки дар он аз тамоми аҳзоби сиёсӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳрим намудани маъракаи интихоби вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи якмандатии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъват ба амал оварда шуд.

«Тақдири интихобот дар кишвари мо маҳз дар комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ҳал мешавад, ки ба ҳайати онҳо маъмулан намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомиланд ва онҳо пинҳонӣ аз номзадҳои ҳизби ҳоким – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд», – таъкид карда буд Зойиров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.