Ҳалокати афсари нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷанби кишвар як афсари нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, садамаи нақлиёт рӯзи 17-уми ноябр дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст. «Ронандаи автомашинаи тамғаи «SsangYong Korando», фармондеҳи взводи қисми низомии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Фаррухҷон […]

Наргис Ҳамробоева


Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷанби кишвар як афсари нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, садамаи нақлиёт рӯзи 17-уми ноябр дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст.

«Ронандаи автомашинаи тамғаи «SsangYong Korando», фармондеҳи взводи қисми низомии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Фаррухҷон Муллоеви 26-сола ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сармантой ба маркази ноҳия аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба як бинои назди роҳ бармехӯрад», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, бар асари ҷароҳатҳои бардошта афсар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА-и ВКД, соли равон дар Тоҷикистон 376 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 376 нафар ҳалок (дар ҳамин давраи соли гузашта – 344 тан) ва 142 нафар (ҳамин давраи соли газашта – 166 тан) ҷароҳат бардоштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.