Роҳандозии ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самти муқовимат бо қочоқи маводи ҳастаӣ

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Нақшаи амали муштарак миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводҳои ҳастаӣ баргузор шуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ба ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Нақшаи амали муштарак миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводҳои ҳастаӣ баргузор шуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ба ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Штатҳои Муттаҳидаи Америка – Сафири Фавқулода ва Мухтори ШМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кеннет Гросс имзо гузоштанд.

 Боиси зикр аст, ки ин ҳуҷҷат иқдоми сиёсии кишварҳои аҳдкунандаро дар бар гирифта, ҳуҷҷати ӯҳдадоркунандаи ҳуқуқӣ намебошад. Мақсади он, пурзӯр намудани иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ, муайянкунӣ ва муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои ҳастаӣ мебошад.

Тоҷикистон ҳаштумин мамлакате мебошад, ки Барномаи Ҳукумати ИМА оид ба пешгирии қочоқи маводи ядроӣ бо он чунин созишнома имзо намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.