Даъвати сафири Русия ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ

Ахири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон вохӯрии Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Попов баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба вазъи баамаломадаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳудуди Россия баррасӣ […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон вохӯрии Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Попов баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба вазъи баамаломадаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳудуди Россия баррасӣ гардиданд.

Дар рафти сӯҳбат Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз шахсони расмии воломақом ва воситаҳои ахбори оммаи Россия ҳангоми шарҳ додани қазияи шаҳрванди маҳкумшудаи Россия нисбати Тоҷикистон, миллати тоҷик ва роҳбарияти давлат хеле манфӣ ҳарф мезананд. «Ин гуна шарҳҳо, инчунин инъикоси якҷониба ва боғаразонаи ВАО-и расмӣ ва мустақили Россия оид ба вазъи зикргардида ба рӯҳи шарикии стратегӣ ва муносибати хубу дӯстонае, ки миёни Тоҷикистон ва Россия барқарор шудааст, ҷавобгӯ шуда наметавонад» – тазаккур дод М.Собиров.

Дипломати тоҷик барои тобиши сиёсӣ додан ба қазияи мазкур, ки сирфан феъли ҳуқуқӣ дорад, ибрози таассуф кард. Ӯ илова намуд, ки ҳангоми баррасии чунин масъалаҳо ба робитаҳои зичи таърихии миёни ду кишвар такя карда, бояд мушкилиҳои бавуҷудомадаро тариқи музокирот дар рӯҳияи ҳамкорӣ ва созандагӣ дар чаҳорчӯби қонунгузории миллии ҳарду давлат ҳал намуд.

Дар идомаи сӯҳбат ӯ зикр сохт, ки амалҳои сохторҳои дахлдори Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ ба сатҳи муносибатҳои дуҷониба зарар расонданд ва амалҳои зараровари онҳо то ҳол идома дорад. Дар натиҷаи амалҳои пиёдасохтаи онҳо ҳодисаҳои муносибати ғайриқонунӣ бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, бахусус дар ш. Москва, вилоятҳои Моква ва Ленинград, зиёд шуданд.

М.Собиров таъкид намуд, ки изҳороти навбатии роҳбари «Роспотребнадзор» – ҷаноби Г. Онишенко оид ба ҳодисаҳои гӯё “фарогири” ошкор кардани беморони ВИЧ ва сил миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тааҷҷубовар аст, дар ҳоле, ки омори расмӣ дар бораи ин масъала бозгӯи дигар далелҳо мебошад.

Вобаста ба мурофиаи судии минбаъда нисбати парвандаи шаҳрванди Россия М.Собиров махсус қайд сохт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин масъаларо дар чаҳорчӯби қонунгузории миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамоянд ва дар рӯзҳои наздик қарори муносиб қабул хоҳад шуд.

Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки новобаста ба воқеаҳои рухдода дар атрофи ин қазия, Федератсияи Россия шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва қайд намуд, ки масъалаҳои ҳамсоне, ки миёни ду кишвар ба вуҷуд меоянд, бояд танҳо бо василаҳои дипломатӣ ҳалли худро ёбанд.

Сафири Россия ба ҳалли ҳарчи зудтари мушкили ҷойдошта ибрози умед карда, дар навбати худ ба М. Собиров итминон дод, ки тамоми нигаронии ҷониби Тоҷикистонро оид ба вазъи бавуҷудомада ба роҳбарияти кишвари худ мерасонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.