Сарвари давлат ба мавсими нави ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшид

Date:


Ахири ҳафтаи гузашта бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи назди Наврўзгоҳи пойтахт, ки дар дохил ва атрофи ипподроми шаҳрӣ бунёд ёфтааст, ташриф оварда, ба бунёди боғи нави Наврўзгоҳ оғози расмӣ бахшид.

Боғи Наврўзгоҳ дар майдони 15 гектар саҳни даромадгоҳ ва атрофи Наврўзгоҳи пойтахт доман паҳн менамояд. Худи ҳамин рўз, аллакай садҳо ниҳоли сояафкану ороишӣ, аз ҷумла аз ҷониби Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон шинонда шуд.

 Тибқи нақшаи генералӣ боғи Наврўзгоҳ ба ғайр аз қитъаҳои зебои дарахтони нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо, ҳамчунин аз як шаршараи боҳашамат, фаввораҳо, майдончаҳои бозию дилхушии кўдакон  ва ғайра иборат хоҳад буд.

Зимни шиносоӣ бо анвои ниҳолҳои ороишию сояафкан, гулу гулбуттаҳо ва нақшаи генералии бунёди боғи Наврўзгоҳ Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои ҳар як намуди ниҳол ва гулу гулбуттаҳо қитъаҳои алоҳида ҷудо карда шаванд ва ин кор бояд тарзе сурат гирад, ки аз диданаш кас лаззат барад.  Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин боғҳо, ки ҷойи истироҳату фароғат ва сайру гашти мардум хоҳанд буд, худ як санъат аст ва бунёдкунандагони он бояд завқи баланд дошта бошанд. Аз ин хотир дастур дода шуд, ки ба ин кор мутахассисони сатҳи баланди дорои завқу салиқаи махсус ва ҳисси қавии зебоипарастӣ ҷалб карда шаванд.

Ҳамин гуна супоришҳо, ҳамчунин доир ба ободонии боғи Рўдакӣ ва боғу гулгаштҳои атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Нишони Тоҷикистон, Парчами давлатии Тоҷикистон, ки ҳама ҷузъҳои як ансамбли зебои фарҳангӣ дар маркази пойтахт мебошанд, дода шуд.

Сарвари давлат бо иштироки бевоситаи худ дар оғози бунёди боғи Наврўзгоҳ мавсими нави ниҳолшинонӣ, кабудизоркунии муҳити зист, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳнаро дар кишвар  шуруъ намуд. Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, ки аз ҳамин рўз мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфт ва он метавонад 5 моҳи пурра идома ёбад. Таъкид гардид, ки иқлими аксари минтақаҳои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз даҳаи сеюми моҳи ноябр то 5 моҳи дигар ниҳолшинонӣ ба роҳ монда шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...