Бознигарии парвандаи ҷиноии халабонони маҳкумшуда

Пагоҳ, 22-юми ноябри соли 2011, дар додгоҳи вилояти Хатлон парвандаи ду халабони маҳкумшуда – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко, ки аз ҷониби додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба 8,5 соли зиндон ҳар кадоме маҳкум шуданд, бознигарӣ мешавад. Тавре адвокати маҳкумшудагон Ғулом Бобоев хабар дод, имрӯз ба ҷониби ҳимоя ва маҳкумшудагон мактубе расидааст, ки […]

Сайраҳмон Назриев


Пагоҳ, 22-юми ноябри соли 2011, дар додгоҳи вилояти Хатлон парвандаи ду халабони маҳкумшуда – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко, ки аз ҷониби додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба 8,5 соли зиндон ҳар кадоме маҳкум шуданд, бознигарӣ мешавад.

Тавре адвокати маҳкумшудагон Ғулом Бобоев хабар дод, имрӯз ба ҷониби ҳимоя ва маҳкумшудагон мактубе расидааст, ки дар он аз дар санаи 22-юми ноябр, соати 9:00-и субҳ бознигарӣ шудани парванда хабар дода мешавад. Парванда дар асоси шикояти кассатсионии маҳкумшудагон ва эътирози мақомоти додситонии вилояти Хатлон бознигарӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.