Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат иҷро шуд

Айни замон нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 100% ба иҷро расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази матуботи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар иҷро шуд. Ба қавли вай, айни замон даъватшудагон дар курсҳои махсуси ҷанговарони […]

Аваз Юлдошев


Айни замон нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 100% ба иҷро расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази матуботи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар иҷро шуд.

Ба қавли вай, айни замон даъватшудагон дар курсҳои махсуси ҷанговарони ҷавон ба омӯзиш фаро гирифта шуда, чанде аз онҳо савганди ҳарбӣ ба Ватан ёд карданд.

Қобили зикр аст, ки даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон маъмулан аз 1 октябр то 30 ноябр сурат мегирад.

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи кишвар, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои ба таъхир гузоштан ё озод будан аз хизмат ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.

Раҳбарии Комисиияи ҷумҳуриявии ташкили даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбиро муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова бар ӯҳда дошт. Ба ҳайси муовини ӯ сардори Раёсати ташкиливу сафарбарии Ситоди кулли Вазорати мудофиа полковник Хушвақт Мироваров таъин гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.