Мулоқоти кормандони АНМН бо сокинони пойтахт

Date:


Бо мақсади баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон (АНМН)  бо намозгузорон ва сокинони атрофи масҷиди ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Душанбе мулоқот карданд. Мулоқоти кормадони Агентӣ дар атрофи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва роҳҳои раҳоӣ аз бемории нашъамандӣ доир гардид.

 Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон дин дар ҷомеа нақши басо муҳим дорад. Бо назардошти ин намояндагони Агентӣ чунин мулоқотҳоро зарурӣ шумурданд. Ҳарчанд худи намозгузорон медонанд, ки шариати исломӣ истеъмол, истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир ва дигар моддаҳои мадҳушкунандаро мамнӯъ эълон кардааст.

Бо ҳамин мақсад ташкилкунандагони вохӯрӣ аз ҷамъомадагон хостанд, то дар таблиғи тарзи ҳаёти солим ва солимии ахлоқ дар байни ҷавонон фаъол буда, сари вақт ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили истеъмоли мухаддиротро пешгирӣ намоянд. Дар ин бора аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...