Мулоқоти кормандони АНМН бо сокинони пойтахт

Бо мақсади баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон (АНМН)  бо намозгузорон ва сокинони атрофи масҷиди ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Душанбе мулоқот карданд. Мулоқоти кормадони Агентӣ дар атрофи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва роҳҳои раҳоӣ аз бемории нашъамандӣ доир гардид.  Пӯшида нест, ки дар […]


Бо мақсади баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон (АНМН)  бо намозгузорон ва сокинони атрофи масҷиди ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Душанбе мулоқот карданд. Мулоқоти кормадони Агентӣ дар атрофи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва роҳҳои раҳоӣ аз бемории нашъамандӣ доир гардид.

 Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон дин дар ҷомеа нақши басо муҳим дорад. Бо назардошти ин намояндагони Агентӣ чунин мулоқотҳоро зарурӣ шумурданд. Ҳарчанд худи намозгузорон медонанд, ки шариати исломӣ истеъмол, истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир ва дигар моддаҳои мадҳушкунандаро мамнӯъ эълон кардааст.

Бо ҳамин мақсад ташкилкунандагони вохӯрӣ аз ҷамъомадагон хостанд, то дар таблиғи тарзи ҳаёти солим ва солимии ахлоқ дар байни ҷавонон фаъол буда, сари вақт ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили истеъмоли мухаддиротро пешгирӣ намоянд. Дар ин бора аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.