Иштироки президенти Тоҷикистон дар маросими расмии сари мансаб омадани президенти Қирғизистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмии сари мансаб омадани президенти нави Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Бишкек доир мегардад, ширкат хоҳад варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукмати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар чаҳорчӯби иштирок дар ин чорабинӣ сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин бо сарони як қатор кишварҳое, ки […]


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмии сари мансаб омадани президенти нави Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Бишкек доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукмати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар чаҳорчӯби иштирок дар ин чорабинӣ сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин бо сарони як қатор кишварҳое, ки дар маросими савгандёдкунӣ ва расман сари вазифа омадани президенти нави Қирғизистон иштирок мекунанд, дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки бо фармони президенти амалкунандаи Қирғизистон Роза Отунбоева санаи расман ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани президенти нави Қирғизистон ба 1-уми декабр таъин шуд. Барои баргузории ин маросим кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шудааст, ки барномаи чорабиниҳоро таҳия месозад.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар маъракаи интихоботи президентӣ дар таърихи 30-юми октябр бо касби 1 млн. 161 ҳазор раъй пирӯзӣ ба даст овард. Дар маъракаи интихоботии пешин, ки моҳи июли соли 2009 баргузор шуда буд, ӯ танҳо ба 195 ҳазор овоз соҳиб гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.