Қариб 50% афзудани ҳаҷми интиқоли барқ ба манзилҳои баландошёнаи Кӯлоб

Ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба манзилҳои баландошёнаи шаҳри Кӯлоб қариб 50% афзуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов хабар дод, чунин вазъ бо зиёд кардани лимити барқ ба шаҳр аз 690 ҳазор кВт то 900 ҳазор кВт имконпазир гардид. «Бо назардошти сардии обуҳаво қарор шуд, ки манзилҳои баландошёна бо нерӯи барқ […]


Ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба манзилҳои баландошёнаи шаҳри Кӯлоб қариб 50% афзуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов хабар дод, чунин вазъ бо зиёд кардани лимити барқ ба шаҳр аз 690 ҳазор кВт то 900 ҳазор кВт имконпазир гардид.

«Бо назардошти сардии обуҳаво қарор шуд, ки манзилҳои баландошёна бо нерӯи барқ бештар таъмин карда шаванд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, айни замон ин микрорайонҳои шаҳр бинобар садамаҳои зиёд дар лӯлаи гази «Балҷувон-Кӯлоб», доимо ҷиҳати таъминот бо гази табиӣ мушкилот доранд.

Номбурда афзуд, дар маҷмӯъ аз 28-уми ноябр интиқоли нерӯи барқ 1-2 соат афзуда, дар як шабонарӯз 14-16 соатро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.