Дар Душанбе масоили волоияи ҳуқуқ ва соҳибихтиёрии судҳо баррасӣ мешавад

Дар конфронс таҳти унвони «Таҷрибаи байнулмилалӣ дар такмил ва рияои меъёрҳои конститутсионӣ оид ба кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва самаранокии фаъолияти судҳо» дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба амалисозии таъмини адолати судӣ, волоияяти ҳуқуқ ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ баррасӣ мешаванд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Шӯрои адлияи ҶТ бо дастгирии молиявии Институти Ҷомеаи кушод – Фонди мусоидат […]

Наргис Ҳамробоева


Дар конфронс таҳти унвони «Таҷрибаи байнулмилалӣ дар такмил ва рияои меъёрҳои конститутсионӣ оид ба кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва самаранокии фаъолияти судҳо» дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба амалисозии таъмини адолати судӣ, волоияяти ҳуқуқ ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ баррасӣ мешаванд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Шӯрои адлияи ҶТ бо дастгирии молиявии Институти Ҷомеаи кушод – Фонди мусоидат дар Тоҷикистон ва Комиссияи Венетсианӣ созмон дода шудааст.

«Таъмини соҳибихтиёрии судҳо барои таъмини волоияти қонун, ҳуқуқи шаҳрвандон ба мурофиаи боадолати судӣ муҳим аст», – гуфт зимни суханронӣ Наргис Бозорова, директори барномаи «Ҳуқуқи инсон, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва дастраӣ ба иттилоот»-и Институти Ҷомеаи кушод – Фонди мусоидат дар Тоҷикистон.

Раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов қайд кард, ки дар Тоҷикистон заминаи зарурии қонунгузорӣ барои соҳибихтиёр будани мақомоти судӣ мавҷуд аст ва Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ конвенсияҳои асосӣ оид ба ҳуқуқи инсонро пазируфтааст. «Маҳз ҳокимияти судӣ ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, давлат, корхонаву ташкилотҳоро амалӣ месозад, аз ин рӯ, ҳукумат баҳри такмили фаъолияти ҳокимияти судӣ тадбирҳои муассир меандешад», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Азизов, таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ҳодисаҳои дахолати бевоситаи ҳокимияти иҷроия ё қонунгузорӣ ба фаъолияти судҳо ба мушоҳида нарасидааст.

Узви Комиссияи Венетсианӣ, президенти Ассотсиатсияи прокуророн (Ирландия) Ҷеймс Хамилтон мӯътақид аст, ки барои таъмини соҳибихтиёрии судҳо, ба онҳо музди меҳнати кофӣ ва шоиста пардохтан зарур аст.

Зафар Азизов таъкид кард, ки ин масъала ҳамеша дар мадди назари ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ҳамин моҳи сентябр маоши судяҳо як баробар афзуда ва айни замон музди меҳнати судяи қаторӣ дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 200 $)-ро ташкил медиҳад.

Ҳамилтон ҳамчунин изҳор кард, ки ҷараёни барқарор сохтани волоияти ҳуқуқ ва таъмини соҳибихтиёрии судҳо муддати зиёд идома меёбад ва гоҳе барои расидан ба чунин натиҷа садсолаҳо зарур аст.

Ба гуфтаи Хамлтон, айни замон 27 кишвар узви Комиссияи Аврупо барои демократия тавассути ҳуқуқ – мақоми машваратӣ оид ба ҳуқуқи конститутсионӣ мебошанд, ки дар назди Шӯрои Аврупо соли 1990 таъсис дода шудааст. Аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон узви комилҳуқуқ ва Қазоқистон дар марҳилаи узвият ба он аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.