Се нафари ҳамроҳ дар парванда оид ба терроризм мавриди афв қарор гирифтанд

Се нафар сокинони вилояти Суғд, ки ҳамроҳ дар парвандаи айбдоршудагон ба терроризм иштирок доштанд, мавриди афв қарор гирифтанд . Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоятӣ хабар доданд, инҳо сокинони ноҳияҳои Исфараву Истаравшан мебошанд, ки нисбат ба онҳо Қонун «Дар бораи афв» мавриди истифода қарор гирифтааст. Яке аз онҳо зан – сокини Исфара ба хабар […]

Бахтиёр Валиев


Се нафар сокинони вилояти Суғд, ки ҳамроҳ дар парвандаи айбдоршудагон ба терроризм иштирок доштанд, мавриди афв қарор гирифтанд

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоятӣ хабар доданд, инҳо сокинони ноҳияҳои Исфараву Истаравшан мебошанд, ки нисбат ба онҳо Қонун «Дар бораи афв» мавриди истифода қарор гирифтааст.

Яке аз онҳо зан – сокини Исфара ба хабар надодан дар бораи содир намудани ҷиноят (моддаи 347 КҶ ҶТ) айбдор карда мешуд. Ду нафар мардони дигар ба сохтакории ҳуҷҷатҳо (моддаи 340 КҶ ҶТ) айбдор карда мешуданд.

Афвшудагон дар курсии айбдорӣ ҳамроҳ бо 53 нафар шаҳрвандон ҷавоб мегуфтанд, ки онҳо мутобиқи 11 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла терроризм, бо роҳи зӯрӣ гасб кардани ҳоқимият, куштор, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, ғайриқонунӣ тайёр кардани аслиҳа, ғайриқонунӣ убур кардани сарҳад ва ғайра гумонбар дониста мешаванд. Мурофиаи судӣ нисбат ба ин гурӯҳ идома дорад. Дар курсии айбдорӣ 50 нафар боқӣ мондаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.