Дар конфронси байнулмилалӣ дар Лондон, ки аз ҷониби Penal Reform International (PRI – Ислоҳоти байнулмилалии маҳбас) бо дастгирии Комиссия Аврупо созмон дода шудааст, тамоилҳои глобалии бекор кардани ҳукми қатл баррасӣ мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ мушовири давлатии президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов намояндагӣ мекунад.
Дар сомонаи PRI www.penalreform.org хабар дода мешавад, ки дар кори чорабинии мазкур намояндагони 120 кишвари дунё, ки дар онҳо ҳукми қатл боқӣ мондааст, ширкат меварзанд.
Дар ҷараёни конфронс раиси PRI Дэвид Дауби зикр кард, ки истифодаи ҳукми қатл ҳуқуқи бунёдии инсон ба ҳаётро риоя накарда, ба шиканҷа ва ҷазои бераҳмона баробар аст ва вақти он расидааст, ки мебояд онро пурра бекор намуд.
Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов зикр кард, ки паёми президенти Тоҷикистон ба парлумони кишвар дар соли 2004 иқдоми назаррас дар бекор сохтани ҳукми қатл дар Тоҷикистон мебошад. Маҳз ҳамон сол дар Тоҷикистон ба истифодаи ҳукми қатл моратория эълон шуда, дар асоси он Қонуни ҶТ «Дар бораи эълони моратория ба ҳукми қатл» қабул шуд.
«Моҳи апрели соли 2010 Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши ҷанбаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии бекор сохтани ҳукми қатл дар ҶТ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони калидии ҳукумати иҷроия ва судӣ ва ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шомил гардиданд. Қобили зикр аст, ки гурӯҳи кории мазкур дар чаҳорчӯби фаъолияти худ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории хубу муфидро ба роҳ монд», – гуфт ӯ.
Иштиркчии конфронс Сергей Романов, коршиноси лоиҳаи «Пешбурди бекор кардани ҳукми қатл дар ҶТ», ки аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Нотабене» амалӣ мегардад, дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки ин вохӯрӣ ба минбаъд бекор сохтани ҳукми қатл ва такмили қонунгузорӣ нисбат ба афроди ба ҳабси абад маҳкумшуда мусоидат мекунад. «Ин муҳим аст, зеро Тоҷикистон ягона кишваре дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки дар он механизми шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани афроди ба ҳабси абад маҳкумшуда мавҷуд нест ва мо боварӣ дорем, ки ин чорабинӣ ба ҳалли масоили зиёди ин мушкилот кӯмак хоҳад кард», – афзуд ӯ.


