Дар Варшава коршиносони ОМ масоили пешгирии шиканҷаро баррасӣ карданд

Аз 26-уми сентябр то 7-уми октябри соли равон дар Варшава Машварати САҲА од ба рушди инсонӣ доир гардид. Чорабинии иловагиро Институти «Ҷомеаи кушода» – Фонди мусоидат дар Тоҷикистон ва эътилофи мубориза алайҳи шиканҷа дар Қазоқистону Тоҷикистон ва Қирғизистон созмон доданд. Дар машварати мазкур зикр гардид, ки камбуди иродаи сиёсӣ, мавҷуд набудани ҳодисаҳои тафтишоти истифодаи шиканҷа […]

Сафо Сафаров


Аз 26-уми сентябр то 7-уми октябри соли равон дар Варшава Машварати САҲА од ба рушди инсонӣ доир гардид. Чорабинии иловагиро Институти «Ҷомеаи кушода» – Фонди мусоидат дар Тоҷикистон ва эътилофи мубориза алайҳи шиканҷа дар Қазоқистону Тоҷикистон ва Қирғизистон созмон доданд.

Дар машварати мазкур зикр гардид, ки камбуди иродаи сиёсӣ, мавҷуд набудани ҳодисаҳои тафтишоти истифодаи шиканҷа ва шароити будубоши маҳбусон дар муассисаҳои пӯшида, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд, аз мушкилоти умумии ҳукуматҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.

Дар ҷараёни ҷаласа дар бораи вазъ, мушкилот ва дастовардҳои Эътилофи мубориза бар зидди шиканҷа дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин тавсияҳои эътилоф ба кишварҳои узви САҲА, ниҳодҳои САҲА ва созмонҳои байнулмилалӣ пешниҳод гардиданд.

Гузориши Тоҷикистонро дар ин хусус муовини директори Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон Абдураҳмон Шарифов муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта вазъи марбут ба ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва кирдори бераҳмона яке аз мавзӯъҳои муҳим дар Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 2011 эътилофи Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва давокатҳои амалкунанда кӯшишҳо дар самти мубориза бо шиканҷаро муттаҳид намуданд. Стратегияи ТҒД оид ба мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таҳия гардид.

«Дар Тоҷикистон то ҳанӯз барои истифодаи шиканҷа нисбат ба боздоштшуда кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо моддаҳои марбут ба ҷиноятҳои мансабӣ (баромадан аз ҳадди ваколат, суистеъмол, хунукназарӣ) ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. «Дар ҳолатҳои марбут ба истифода шиканҷа, ки шахсони мансабдор мушаххасан зикр мегарданд, онҳо натанҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, балки ба мансаби болотар таъин карда мешаванд», – гуфт ӯ.

Шарифов гуфт, дар ҳолатҳои инъикоси мушкилоти истифодаи шиканҷа дар ВАО, шахсони мансабдор ё мақомоти марбута аз болои онҳо ба додгоҳ шикоят мебаранд ва дар ҳаҷми зиёд ҷубронпулӣ талаб мекунанд. «Аз ҷумла, сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ барои интишори гӯё маводи тӯҳматомез аз ҳафтавори «Азия-Плюс» ба миқдори 1 млн. сомонӣ (ҳудуди 225 ҳазор $) ҷубронпулӣ талаб кард», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон то ҳол мақомоти мустақили тафтиши маълумот дар бораи шиканҷа таъсис дода нашуда, тартиб ва механизмҳои тафтишоти пурсамари шикоятҳо дар бораи шиканҷа таҳия нагардидаанд.

«Мутобиқи тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, низоми маҳбас аз тобеъияти ВКД бароварда шуда, ба Вазорати адлия гузаронида шуд. Боздоштгоҳҳои муваққатӣ низ ба мақомоти адлия тобеъ шуданд, – зикр кард Шарифов. – Аммо боздоштгоҳҳои пешакии КДАМ то ҳанӯз зери тобеъияти мақомоти адлия нестанд ва ба ақидаи адвокатҳо, маҳз дар ҳамин боздоштгоҳҳо шиканҷа бештар истифода мешавад».

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар Тоҷикистон то ҳол ниҳоди ташхиси мустақили тиббӣ вуҷуд надорад, ҷабрдидагон аз шиканҷа саривақт кӯмаки тиббӣ ва равонӣ гирифта наметавонанд, дар қонунгузорӣ тартиби пардохти ҷубронпулӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷа пешбинӣ нашудааст. «Ҳолатҳои марги марги афрод дар муассисаҳои ислоҳӣ нигаронкунанда аст. Ин маълумот «махфӣ» буда, дар бораи шумори ҳалокшудагон дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳотӣ маълумот дода намешавад», – афзуд А.Шарифов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.