Ш. Зуҳуров: Иҷлосияи сеюми парлумон «иҷлосияи қабули қонунҳои босифат» хоҳад буд

Бо пешниҳоди раиси падлатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард, «иҷлосияи қабули қонунҳои босифат» эълон шуд. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи нахустини пас аз таътил Зуҳров қайд кард, ки дар ҷараёни иҷлосияи мазкур, ки то 30-юми июни соли оянда […]

Аваз Юлдошев


Бо пешниҳоди раиси падлатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард, «иҷлосияи қабули қонунҳои босифат» эълон шуд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи нахустини пас аз таътил Зуҳров қайд кард, ки дар ҷараёни иҷлосияи мазкур, ки то 30-юми июни соли оянда идома меёбад, намояндагони мардумӣ ба қонунҳои қабулмешуда таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда, мутобиқати онҳо ба меъёрҳои байнулмилалиро тақозо хоҳанд намуд.

Дар идома раиси палатаи поёнии парлумон таъкид кард, ки айни замон дар парлумон беш аз 40 лоиҳаҳои қонунҳо барои баррасӣ қарор дорад. «Дар сурати зарурат ман пешниҳод мекунам, ки ташхисҳои илмиву иқтисодӣ, зиддикоррупсионӣ ва забонии ин лоиҳаҳои қонунҳо доир карда шавад», – гуфт ӯ.

Зуҳуров зикр кард, ки ба вакилони парлумон зарур аст, ба қабули як силсила лоиҳаи қонунҳо дар бораи энергетика, молия, андоз ва иқисод таваҷҷӯҳи бештар зоҳир созанд. Дар ҳамин ҳол, Зуҳуров қайд кард, ки дар муддати идомаи иҷлосия намояндагони мардумӣ бояд бо интихобкунандагони худ доимо дар тамос бошанд, то ки аз мушкилоту пешниҳодоти онҳо огаҳӣ дошта бошанд.

Рӯзномаи ҷаласаи кунунӣ аз 16 масоил иборат аст. Миёни онҳо масоили ворид сохтани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ дар бораи буҷети давлатии соли 2011, реклама, мақомоти милиса ва тасдиқсозии як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ҷой доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.