Барномаи сафари расмии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон бо шиносоии наздики ӯ бо фаъолияти ширкати ҷаҳоншумули Сименс (Siemens) оғоз ёфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, бо таваҷҷуҳи зиёд ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти соҳаи энергетика, аз ҷумла доир ба истеҳсол, интиқол, таҳвил, тақсимот, ченкунӣ ва назорати истифодаи нерӯи барқ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки намояндагии минтақавии ин ширкат дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад. Роҳбарияти ширкати Сименс ҳам бо назардошти имконоти фарохи Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи барқӣ маҳз дар ин соҳа азми ташкил ва густариши ҳамкорӣ доранд.
Қобили зикр аст, ки ин ширкат дар зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон фаъолият дошта, асосан барои соҳаҳои мошинсозӣ, киштисозӣ, ҳавопаймосозӣ, энергетика, тандурустӣ, компютерсозӣ ва ғайра техникаю таҷҳизот истеҳсол мекунад.
Сипас президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагии ширкати Бош (Bosch) ташриф оварда, бо фаъолияти он низ аз наздик шинос шуд.
Роҳбарияти ин ширкат ҳам изҳор карданд, ки доир ба рушди ҳамкорӣ бо минтақаи Осиёи Марказӣ аз тариқи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Тавре зикр гардид, ин ширкати дорои шуҳрати ҷаҳонӣ доир ба истеҳсоли техника барои корхонаҳои саноатӣ, таҷҳизоти механикӣ, электронӣ ва барқӣ барои соҳаҳои мошинсозӣ, алоқа ва ғайра мебошад. Ин ширкат яке аз пештозони ҷаҳонӣ доир ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти барқию электронӣ барои рўзгор, аз ҷумла яхдон, дарзмол, мошинҳои либосшўӣ, чангкаш ва ғайра мебошад.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бо Гурўҳи вакилони Бундестаги (Парлумони федеролии) Олмон мулоқот орост, ки зимни он масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Вакилони Бундестаги Олмон нақши Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан барои мусоидат ба барќарорсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёти Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, ҳавасмандии роҳбарияти кишвари худро ба рушди бештари ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба иштирок дар татбиқи амалии имкону захираҳои иќтисодии Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи энергетикаи барќӣ ва интиқоли нерўи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ безарар ба Афғонистону Покистон зоҳир карда шуд.


