spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Риояи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида дар маркази таваҷҷӯҳи созмонҳои ҷамъиятӣ


Дар тренинг таҳти унвони «Мониторинги ҳуқуқи инсон, ки аз 21 то 25-уми сентябр дар Дафтари САҲА дар Душанбе доир гардид, масоили баргузор намудани мониторинги муштараки муассисаҳои пӯшида мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори он 30 нафар намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ ширкат варзида, воситаҳо ва методологияи баргузор намудани мониторингҳо дар бахши мубориза бар зидди шиканҷаро омӯхтанд. Иштирокчиёни тренинг донишу таҷрибаи андӯхтаашонро ҳангоми омӯхиши вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва маҳбас, муассисаҳои равонӣ, қисмҳои низомӣ, хонаҳои кӯдакон ва муассисаҳои махсуси кӯдакон  ба истифода хоҳанд бурд. Ғайр аз ин, мониторингҳо масоили махсус, аз қабили аз ҷиҳати тиббӣ тасдиқ кардани шиканҷаи ҷабрдидагон ва риояи ҳуқуқҳои аққалиятҳои ҷинсиро низ фаро мегирад. Натиҷаҳои таҳқиқот барои таҳияи тавсияҳо ҷиҳати беҳбуди қонунҳои мавҷуда, таҷриба ва барномаҳои ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода хоҳанд шуд.

Коршиносони бахши ҳуқуқи инсон – директори Фонди ҷамъиятии «Нотабене» ва роҳбари Эътилофи Ташкилотҳои ғайридавлатӣ алайҳи шиканҷа Нигина Баҳриева, коршинос оид ба муассисаҳои ислоҳотии Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон Ярослав Копчук ва директори Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон Сергей Романов ба иштирокчиёни тренинг дар бораи таҷрибаи андӯхтаашон дар баргузории мониторингҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо маълумоти муфассал доданд.

Нигина Баҳриева изҳор кард, ки ташкилот бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавриди ба имзо расонидани Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи боздиди муштарак аз муассисаҳои ислоҳотӣ ба мувофиқа расидааст. «Тасвиби чунин созишнома ба мо ҷиҳати мониторинги муассисаҳои шакли пӯшида ё нимапӯшида ва назорати шаҳрвандии фаъолияти он имкони воқеӣ медиҳад. Мо умедворем, ки ин қадами нахустин ба фаъолияти доимиву муттасил дар масъалаи пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон хоҳад буд», – гуфт вай.

Сафир Ивар Викки, роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, дар навбати худ гуфт, масоили риояи ҳуқуқи инсон қисмати муҳими фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. «Қисмати зиёди рисолати мо дар он ифода меёбад, ки ба ҳукумат дар бахши иҷрои қисмати ӯҳдадориҳои гирифтааш дар САҲА мусоидат намоем. Яке аз роҳҳои ноил гардидан ба ҳадаф ҳамкории бевосита бо ҳукумат дар самти андешидани тадобири сиёсӣ ва тақвияти имконот аст. Воситаи дигар – роҳандозии ҳамкории густарда бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Тавассути чунин муколама мо талош хоҳем кард, ки манфиатҳои умумиро дарёфта, тавсияҳо оид ба беҳтар кардани вазъро таҳия созем», – афзуд ӯ.

Курси омӯзишӣ аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, шӯъбаи байнулмилалии Институти «Ҷомеаи кушода» – Фонди мусоидат дар Тоҷикистон ва Фонди ҷамъиятии «Нотабене» дар ҳамдастӣ бо сафорати Британияи Кабир ва Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Лаҳистон) созмон дода шуд.       

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...