Қабули тағйирот ба қонун «Дар бораи милиса»

Палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати кишвар ба қонун «Дар бораи милиса»-ро маъқул шуморид. Бино ба маълумоти муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, тағйироти мазкур ба муайян кардани механизмҳои ҷойивазкунии ҳайати мақомоти раҳбарии вазорат нигаронида шудаанд. «Пешниҳоди мазкур пеш аз ҳама, ба коҳиши сатҳи коррупсия дар сафҳои милиса равона гардидааст», […]

Аваз Юлдошев


Палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати кишвар ба қонун «Дар бораи милиса»-ро маъқул шуморид.

Бино ба маълумоти муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, тағйироти мазкур ба муайян кардани механизмҳои ҷойивазкунии ҳайати мақомоти раҳбарии вазорат нигаронида шудаанд. «Пешниҳоди мазкур пеш аз ҳама, ба коҳиши сатҳи коррупсия дар сафҳои милиса равона гардидааст», – қайд кард Раҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, мӯҳлати хизмати мансабдори воломақоми милиса дар як вазифаро ҳукумат муайян хоҳад кард.

Вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Саодат Амиршоева бар ин назар аст, ки тағйироти пешниҳодшуда ҳамзамон ба истифодаи пурсамари захираи кадрии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ мусоидат менамоянд.

Рамазон Раҳимов иброз дошт, ки ҷойивазкунии кадрҳо нисбат ба сардорони шӯъбаҳои ноҳиявӣ, раёсатҳои вилоятӣ ва роҳбарони раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

«Мо ба ҳукумат чунин пешниҳод хоҳем кард, ки як нафар дар як вазифа набояд беш аз чор сол ифои вазифа намояд», – афзуд муовини вазири корҳои дохилии ҶТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.