Ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ қатли П.Давлатбековро маҳкум мекунад

Чанде қабл мачлиси фаврии Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» – ҷиноҳи ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаи қатли ҷавони 24-сола Парвиз Давлатбеков шоми рӯзи 31-уми декабр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки сарфи назар аз бо кадом мақсад содир […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл мачлиси фаврии Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» – ҷиноҳи ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаи қатли ҷавони 24-сола Парвиз Давлатбеков шоми рӯзи 31-уми декабр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки сарфи назар аз бо кадом мақсад содир шудани ин ҷиноят, аъзои ҷавони ҲХДТ онро маҳкум намуда, аз ҷавонони тоҷик даъват ба амал меоварад, ки алайҳи ривоҷи зӯроварӣ дар кишвар муттаҳид гарданд.

«Нисбати ин ҳодиса мо бетараф буда наметавонем, зеро ҳам ҷинояткорону ҳам ҷабрдида ҷавононанд. Мо ба афроди ҷонибдори ривоҷи зӯроварӣ дар ҷомеа хотиррасон карданием, ки мутобиқи Конститутсия, Тоҷикистон кишвари дунявӣ аст ва дар ҷумҳурӣ озодии инсону виҷдон ва шаҳрванд аз ҷониби қонун ҳимоя мешавад», – гуфт А.Мирсаидов.

Дар поёни маҷлис изҳорот қабул шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳодисаи нохушеро, ки аз ҷониби гурӯҳи ҷавонон дар шаби Соли нав дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа ҷони як нафар ҷавони 24-сола Парвиз Давлатбековро рабуд, маҳкум намуда, аз ҷавонони бонангу номус даъват меорад, ки ҳамеша муттаҳид бошанд ва нагузоранд, ки дар афкору арзишҳои инсондӯстонаи миллати сарбаланди тоҷик халал ворид шавад.

Ҷавононе, ки ваҳшиёна ба ин амали номатлуби ғайриинсонӣ даст задаанд, аслан ҷавонони ғофил аз худшиносиву бехабар аз арзишҳои миллии худ мебошанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷонибдори он аст, ки онҳо тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуда, сазовори ҷазои арзанда гарданд, зеро дар давлати дунявӣ, ки Конститутсия озодии инсон ва шаҳрванд, озодии виҷдонро кафолат додааст, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ба озодии касе таъсир расонад.

Аз номи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба кулли наздикону пайвандони Парвиз Давлатбеков арзи тасаллият баён намуда, ба онҳо аз даргоҳи поки яздон сабри ҷамил хоҳонем».

Ёдрас мекунем, ки ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ – «Созандагони Ватан» моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябри соли 2011 аз қайди Вазорати адлия гузашт.  Ба гуфтаи А.Мирсаидов, имрӯз ҳудуди 8 ҳазор ҷавонони тоҷик хоҳиши узвият ба ташкилотро доранд ва наздик ба 52 ҳазор аъзои ҷавони ҲХДТ аллакай узви ташкилот мебошанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, феълан дар сафҳои худ 150 ҳазор нафар тоҷикистониёнро муттаҳид менамояд. Раиси ҳизби мазкур сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.