Дар Душанбе беш аз 210 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд

Date:


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори навбатии маводи мухаддир сӯзонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ин навбат дар оташдонҳои махсус 213 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 47 кило ҳашиш, беш аз 5 кило героин, 333 грамм афюн ва 160,5 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис сӯзонида шуданд. Ғайр аз ин, як миқдор ҳаб (таблетка)-ҳои фенобарбитал, ки воситаи психотропӣ мебошад, низ нобуд карда шуд.

«Маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 25 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, нисбат ба онҳо ҳукми суд содир шудааст», – гуфтанд дар Агентӣ.

Чорабинии мазкур дар ҳузури комиссияи иборат аз намояндагони мақомоти интизомӣ, судӣ, рӯзноманигорони воситаҳои ахбори умуми ватаниву хориҷӣ доир гардид.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз замони таъсиси Агентии назорати мавои нашъаовари назди президенти Тоҷикистон тариқи сӯзонидан ҳудуди 14 тонна маводи мухаддир нобуд карда шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...