spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ба тармиму навсозии шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил 14,7 млн. $ масраф шуд


Бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, субҳи имрўз Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Мачитони шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои силро баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора ба кор даровард.

 Тавре зикр гардид, навсозию таҷҳизи ин биноҳо бо харҷи 70 миллион сомонӣ маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон сурат гирифтааст. Бо дубора фаъол гардидани ду бинои қаблан валангору аз кор бозмонда дар ин ҷо 170 ҷойи нави корӣ барои кормандони соҳаи тиб муҳайё шудааст.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз утоқи гиёҳдармонӣ дидан карда, дастур дод, ки истифодаи васеи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон дар тамоми шифохонаҳо ва муассисаҳои хўроки умумӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Дар озмоишгоҳи миллии референсӣ, ки бо навтарин таҷҳизоти сохти олмонии ташхиси бемориҳои сил муҷаҳҳаз гардидааст, Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо мутахассисони соҳибтаҷрибаи он аз наздик суҳбат намуд.

 Тавре зикр гардид, бо насби чунин таҷҳизоти навтарин сифати ташхису табобат хеле беҳтар ва муҳлати давомнокии ин корҳо ба маротиб кўтоҳ мешавад. Ба иттилои мудири озмоишгоҳ Моҳхоним Абдуллоева, ки худ дар Олмон таҳсил намуда, ба мутахассиси хуби ин кор табдил ёфтааст, бо ин таҷҳизот ҳатто мураккабтарин ташхисҳо, аз ҷумла муайян кардани бемории сили ба доруҳо мутобиқшуда низ дар зарфи ҳамагӣ 2 соат анҷом меёбад.

 Тавре иттилоъ дода шуд, доруворӣ ва дигар ашёи ташхисию табобатӣ, ки дар анбори ин бино захира шудааст, агар ба 15 ҳазор нафар бемор доимо истифода шаванд, 3 сол басандагӣ мекунад.

Дар бинои дигари навсозишуда Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон аз утоқҳои ҷарроҳӣ ва ташхиси тамографӣ дидан кард, ки ҳамчунин бо навтарин технологияҳои олмонӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

 Зимни суҳбат бо ҷарроҳи ҷавони шуъбаи ҷарроҳӣ Абдурасул Сангинов маълум шуд, ў бо стипендияи президентии «Дурахшандон» дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, дар синни 35 солагӣ  сазовори унвони доктори илмҳои тиб гардидааст.

 Ба гуфти намояндаи Бонки олмонии рушд Олга Хефеле техникаю таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб гардидаанд ва хусусан озмоишгоҳи миллии референсӣ, дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ назир надоранд. «Озмоишгоҳи мазкур дар ин минтақа ҳам навтарин ва ҳам калонтарин аст», – иттилоъ дод ў.

 Ба гуфти ў, бо чунин таҷҳизот ва шароити беҳтарин дар ин ҷо имкон дорад, ки як маркази минтақавӣ барои кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад, зеро ин биноҳо натанҳо дорои беҳтарин таҷҳизоти ташхису табобат, балки шароити омодасозии кадрҳои варзидаи ин соҳа мебошанд.

 Ў, ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ҷаҳон танҳо 23 адад чунин марказҳо бо чунин озмоишгоҳҳо аст, ки ҳуқуқи омодасозии кадрҳои ин бахши соҳаи тибро доранд. Яъне ин марказ метавонад таълимгоҳи 24-уми ҷаҳонӣ шавад.

 Ин биноҳо, ҳамчунин бо беҳтарин шароити зист ва будубоши беморону табибон муҷаҳҳаз гардидаанд. Онҳо, аз ҷумла дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ буда, бо усули геотермӣ ё худ бо ҳарорати табиии оби аз чуқурии 70 метр дастрасшаванда бе истифода аз маводи сўхт гарм карда мешаванд. Нерўи барқ танҳо барои кашидану гардиш додани оби зеризаминӣ истифода мешавад.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони сершумори соҳаи тандурустии кишвар суханронӣ намуда, онҳо ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо ифтитоҳи навтарин маркази ташхису табобати бемории сил табрику таҳният гуфт.

 Бо ишора ба он, ки солҳои охир бо таваҷҷуҳу ғамхории ҳукумати кишвар тамоми шифохонаҳои Тоҷикистон бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат муҷаҳҳаз мегарданд, дастур дода шуд, ки ба омодасозии кадрҳои дорои донишу малакаи ба талаботи замон ҷавобгў диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад.  Таъкид гардид, ки барои интихоб ва ба таҳсили босифат ҷалб намудани наврасону ҷавонони болаёқат бояд тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...