Боздиди намояндаи махсуси раиси Чин аз палатаҳои парлумони Тоҷикистон

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чэн Чжилиро, ки ба сифати намояндаи махсуси раиси Чин Ху Сзинтао ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот […]

Аваз Юлдошев


Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чэн Чжилиро, ки ба сифати намояндаи махсуси раиси Чин Ху Сзинтао ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот М.Убайдуллоев зикр кард, ки «аз замони ба соҳибистиқлолӣ расидан Тоҷикистон ҳамеша ба дастгирии Чин – кишвари ҳамсоя ва шарики мӯътамад такя мекард».

«Чен Чжили ба М.Убайдуллоев табрикоти мақомоти раҳбарии Чин ба муносибати 20-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чинро расонида, зикр кард, ки Чин ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод», – гуфт Ш.Саидов.

Чен Чжили ҳамчунин бо муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев низ мулоқот кард. Бино ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов, дар вохӯрии мазкур масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нимаи аввали имрӯз Чэн Чжилиро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.