Зимни мулоқоти намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳайати сардори хадамот С.А. Девонаев ва роҳбари Намояндагӣ дар Россия А.Т. Одинаев бо сардори РД ВКД-и Санкт-Петербурги вилояти Ленинград М.И. Суходолский ахирӣ изҳор кард, ки ҳодисаи ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов тахти назорати махсус қарор дорад.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, чанд қабл сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев С.А. дар Санкт-Петербург бо роҳбарони Сарраёсати корҳои дохилаи ВКД Россия ва роҳбарони Раёсати Федералии Хадамоти Муҳоҷирати Федератсияи Россия дар Санкт-Петербурги вилояти Ленинград як қатор вохӯриҳо анҷом дод.
Намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро дар ҳайати Сардори Хадамот С.А. Девонаев ва роҳбари Намояндагӣ дар Россия А.Т. Одинаев сардори РД ВКД-и Санкт-Петербурги вилояти Ленинград М.И. Суходолский ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои вазъияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақа фаъолияти меҳнатӣ мебаранд баррасӣ гашта, дар маҷмӯъ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамватанони мо мавриди мубодилаи афкор сурат гирифт.
Махсусан ба парвандаи ҷиноятии куштори шаҳрванди Тоҷикистон Б. Расулов дар шаҳри Гатчина, ки диққати ҷомеаро барангезонда буд, диққати ҷиддӣ дода шуд. Сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Девонаев С. хоҳиш намуд, ки барои пурра ва саривақт кушодани ин ҷиноят ҷониби Россия ҳаматарафа мусоидат намоянд. Ҳамсӯҳбат муроҷиати ӯро бо камоли идрок қабул намуда, бовар кунонд, ки дар ин самт ҳама чораҳоро андешида мешаванд ва масъалаи мазкур таҳти назорати махсус қарор дорад.
Дар вохӯрии сардори Раёсати Федералии Хадамоти Муҳоҷират Дунаева Е.В. бошад, ҳама паҳлӯҳои масъалаҳои ҳолат ва вазъияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақа дида баромада шуд. Инчунин, ба қонунигардонии ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони мо, муоинаи тиббӣ, инчунин кортаъминкунии ояндаи онҳо тавассути Маркази ягонаи муҳоҷират диққати ҷиддӣ дода шуд.
Тарафҳо аз натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба вусъат додани он пешниҳод карданд. Аз ҷумла, хонум Дунаева Е. иттилоъ дод, ки минтақа барои қабули гурӯҳи якуми хатмкардагони Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 66-и шаҳри Душанбе, ки дар оғози моҳи феврали соли 2012 дар назар аст, омодааст. Роҳбари РХФМ-и Санкт-Петербурги вилояти Ленинград ҳамзамон доир ба коркарди механизми додани патент барои кор новобаста дар худи Тоҷикистон дастгирӣ намуда, як қатор пешниҳодҳо кард.