Шарҳи қазияи озод кардани ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев дар Хатлон

Алишо Қурбонов, муовини авали раиси суди вилояти Хатлон сабаби дуруст татбиқ нашудани қонуни авф дар инстансияи суди аввал нисбати 7 нафар тарафдорони Маҳмуд Худойбердиевро ба баъзе нофаҳмиҳои қонуни авф рабт дод. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки аз сабаби он ки дар қонуни авф баъзе нофҳмиҳо ҷой доштанд, судяи суди вилояти Хатлон нисбати 7 нафар тарафдорони […]

Сайраҳмон Назриев


Алишо Қурбонов, муовини авали раиси суди вилояти Хатлон сабаби дуруст татбиқ нашудани қонуни авф дар инстансияи суди аввал нисбати 7 нафар тарафдорони Маҳмуд Худойбердиевро ба баъзе нофаҳмиҳои қонуни авф рабт дод.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки аз сабаби он ки дар қонуни авф баъзе нофҳмиҳо ҷой доштанд, судяи суди вилояти Хатлон нисбати 7 нафар тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев ҷазо дар доираи қонун татбиқ карда буд.

«Масалан дар моддаи 10-и ин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» омадааст, ки кӯтоҳ карда гӯем нисбати  ин нафарон қонуни номбурда татбиқ карда шавад. Вале дар моддаи дигар омадааст, ки парвандаҳое, ки бо модаи 305, 306, 186 ва 187 КҶ ҶТ оғоз шудаанд, ин қонун  қисман татбиқ карда мешавад.  Ин нофаҳмиҳо буд, ки суди аввал нисбати ин 7 нафар қонуни авфро қисман татбиқ намуд.  Ва баъди он ки қонунгузор қонунро тавзеҳ доду гуфт, ки моддаи 10-и ин қонун нисбати ин 7 нафар татбиқ карда мешавад, суди зинаи болоӣ онро татбиқ намуда аз зали суд озодашон кард», – илова кард муоввини аввали раиси суди вилояти Хатлон.

Бояд ёдовар шуд, ки суди вилояти Хатлон 7 нафар тарафдорони Маҳмуд Худойбердиевро 1 сентябри соли 2011 ба муҳлати 16 соли зиндони ҳукм карда буд.

Баъдан пас аз арзу шикоятҳои зиёди волидайну адвокатҳои маҳкумшудагон ва эътирози прокурори вилояти Хатлон, суди Олии кишвар дар марҳилаи кассатсионӣ 1 ноябри соли  2011 парвандаро аз нав дида баромада нисбати онҳо моддаи 10 –и қонуни авфро татбиқ намуда аз зали суд озодашон кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.