Тоҷикистон бо Урдун ва Буркина Фасо муносибати дипломатӣ барқарор кард

Чанде қабл дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва Намояндаи доимии Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ дар СММ Шоҳзода Зайд Раад Зайд […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва Намояндаи доимии Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ дар СММ Шоҳзода Зайд Раад Зайд ал-Ҳусайн имзо намуданд.

 Пас аз маросими имзо сафирони Тоҷикистону Урдун дар мавриди масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар ва масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СММ мубодилаи афкор доир карданд.

Ҳамчунин дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Буркина Фасо баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва Намояндаи доимии Буркина Фасо дар СММ Дер Когда имзо намуданд.

 Пас аз маросими имзо сафирони Тоҷикистону Буркина Фасо дар мавриди масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар ва масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СММ мубодилаи афкор доир карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.