Нафарони ба вазифаҳои воломақом дар мақомоти интизомӣ таъиншуда дар ҳузури президент

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои воломақом дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳодшударо ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, баъди суҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Нурилло Орипов Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Сабзов Муовини вазири корҳои дохилӣ, Абдураҳмон […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои воломақом дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳодшударо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, баъди суҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Нурилло Орипов Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Сабзов Муовини вазири корҳои дохилӣ, Абдураҳмон Бузмаков Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Анвар Тағоймуродов Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, Мансур Бухориев Сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, Хуршед Каримов Сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин карда шуданд. Ҷамъ 14 нафар ба вазифаҳои пурмасъулият дар сохторҳои гуногуни мақомоти номбаршуда таъин гардиданд.

 Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба садоқат ба халқу Ватан ва риояи адолату матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ин сифатҳо дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи гурўҳӣ ва дорои характери коррупсионӣ, басо муҳиманд. Дар назди онҳо ва роҳбарияти ҳарду сохтори мазкур, ҳамчунин доир ба тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон ва бо сифати дилхоҳ ба роҳ мондани фаъолияти ҳамарўза вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.