Таъини бародари вазири корҳои дохилӣ ба вазифаи роҳбарӣ дар гумруки Суғд

Бародари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов – полковники милиса Раҳмонқул Раҳимов, ки аз мансаби сардори Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташакккили вилояти Суғд озод гардида буд, ба ваазифаи роҳбарикунанда дар Раёсати гумруки вилояти Суғд таъин карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати гумруки вилояти Суғд хабар доданд, бо фармони сардори Хадамоти гумруки назди […]

Мавлуда Рафиева


Бародари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов – полковники милиса Раҳмонқул Раҳимов, ки аз мансаби сардори Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташакккили вилояти Суғд озод гардида буд, ба ваазифаи роҳбарикунанда дар Раёсати гумруки вилояти Суғд таъин карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати гумруки вилояти Суғд хабар доданд, бо фармони сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, генерали Хадамоти гумрук Гурез Зарифов, Раҳмонқул Раҳимов ба мансаби муовини сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд таъин карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки вазири тозатаъини корҳои дохилии кишвар, генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов дар мубориза бо зуҳуроти равнақёфтаи коррупсия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳм гузошта, хешовандони наздики худро, ки дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ кор мекарданд, аз вазифа озод намуд.

Аз мансабҳои ишғолкарда писари ӯ – корманди фаврии шӯъбаи ҷустуҷӯйи ҷиноии ШКД ноҳияи Шоҳмансури пойтахт лейтенанти милиса Дилшод Раҳимов ва бародараш сардори Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташакккили вилояти Суғд полковники милиса Раҳмонқул Раҳимов озод гардида буданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.