Хуҷанд ба ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ омодагӣ мегирад

Бо мақсади истиқболи сазовори 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сатҳи баланди ин санаи таърихиву сарнавиштсози халқу миллат бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд иборатан аз моҳи ноябри соли гузашта дар саросари шаҳр маъракаи 12 моҳи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ эълон шудааст. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, […]

ASIA-Plus


Бо мақсади истиқболи сазовори 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сатҳи баланди ин санаи таърихиву сарнавиштсози халқу миллат бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд иборатан аз моҳи ноябри соли гузашта дар саросари шаҳр маъракаи 12 моҳи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ эълон шудааст.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар доираи ин маърака бунёди бисёр иншооти ҷашнии таъиноти иҷтимоию фарҳангӣ ва хоҷагӣ, таъмиру мумфаршкунии якқатор кӯчаҳои дохилии маҳаллаву микроноҳияҳо, ободонию сабзкории боғҳои фарҳангу фароғатӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов  шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозиро вазифадор кард, ки тарҳи нави ороиши хиёбону гулгаштҳо ва мавзеъҳои фароғатиро омода намояд.

Минбаъд дар саросари шаҳр ниҳолҳои ороишии  ҳамешасабз шинонда, хатти сабзи бари кӯчаҳои асосӣ  пурра гулпӯш  хоҳад шуд. Дар ин маврид имкониятҳои муассисаи кабудизоркунии шаҳр, ки алҳол дар гармхонаҳо қаламчаи гулҳои гуногуннавъро парвариш менамояд, комилан истифода мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки Нақшаи кулли сохтмони шаҳри Хуҷанд, ки дар 20 соли наздик бунёди Хуҷанди азимро пешбинӣ мекунад, моҳи октябри соли 2010-ум аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.