Дар Душанбе масъалаи андозбандӣ ва коррупсия дар бахши оби нӯшокӣ баррасӣ мешавад

Рӯзи 25 январи соли 2012 дар толори конфронсии меҳмонхонаи Тоҷикистон Ҷаласаи 11 -уми Шабакаи ташкилотҳои ҳамкор оид ба Устувории обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз намояндагии Оксфам (Британияи Кабир) дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд. Ҷаласа  бо иштироки вазири мелиоратсия ва захираҳои об ҷаноби Раҳмат Бобокалонов, Директори минтақавии Ражёат оид ба […]

ASIA-Plus


Рӯзи 25 январи соли 2012 дар толори конфронсии меҳмонхонаи Тоҷикистон Ҷаласаи 11 -уми Шабакаи ташкилотҳои ҳамкор оид ба Устувории обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз намояндагии Оксфам (Британияи Кабир) дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд.

Ҷаласа  бо иштироки вазири мелиоратсия ва захираҳои об ҷаноби Раҳмат Бобокалонов, Директори минтақавии Ражёат оид ба Рушд ва Ҳамкории Швейтсария ҷаноби Питер Микула, иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон хонум Мадина Алибердиева, иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини директори минтақавии БРСММ ҷаноби Андрей Погребняк ва боз бисёре аз мансабдорони воломақом баргузор мегардад.

Дар ҷаласа масъалаи андозбандӣ ва коррупсия дар бахши оби нӯшокӣ, системаи равзанаи ягона ва ҷудо намудани замин барои гирифтани иҷозат баҳри сохтмони системаи обтаъминкунӣ муаррифӣ гардида, он аз тарафи иштирокчиён мавриди барассӣ қарор мегирад. Ҳамчунин дар рафти ҷаласа ролики кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ аз фаъолияти Шабака намоиш дода мешавад. Намоиши ролики мазкур дар телевизиони ҷумҳурӣ низ дар назар аст.

То ба имрӯз Шабака минбари худро барои зиёда аз 60 ҷонибҳои ҳавасманд, аз қабили сиёсатмадорон, сармоягузорон, олимон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байнахалқӣ пешниҳод намуда, ҷонибҳои ҳавасманди гуногунро дар бахши таъминоти оби нӯшокии деҳот, имкони дастрасӣ ба раванд, ахборот ва забон, ки барои иштироки фаъолона дар таҳқиқот ва ба тартиб даровардани устуворӣ ва қарорҳои босамар барои идора кардан, хизматрасонӣ ва нигоҳдории бахши таъминоти оби нӯшокӣ дар деҳоти ноҳияҳои Тоҷикистон зарур аст, дастгирӣ мекунад.

Тавассути ҳамкориҳои муштараки ҳамаи ҷонибҳои ҳавасманд як қатор масъалаҳо, аз қабили соҳибмулкӣ ва идоракунии саривақтии системаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ, осон намудани раванди маъмурӣ барои гирифтани иҷозат баҳри сохтмон, азнавбаҳисобгирии системаи обтаъминкунӣ дида баромада шуд. Дар натиҷа аз ҷониби мушовирон ва мутахассисон як қатор таҳқиқотҳо гузаронида шуда, 4ҳуҷчати стратегӣ ва 2 роҳнамо омода гашта, ба шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба таъминоти оби нӯшокӣ барои дида баромадан ва ворид намудани қарори охирин пешниҳод гардидааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.