Суғд: 14 соли зиндон ба шаҳрванди Қирғизистон

Суди шаҳри Исфара шаҳрванди Қирғизистонро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Исфара хабар доданд, чанде қабл мурофиаи судӣ нисбат ба шаҳрванди 46-солаи Қирғизистон Абдулҳаким Матиброҳимов ба анҷом расидааст. Суд шаҳрванди Қирғизистонро ба содир намудани ҷиноятҳо тибқи моддаҳои 200, қ. 4 […]

Мавлуда Рафиева


Суди шаҳри Исфара шаҳрванди Қирғизистонро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Исфара хабар доданд, чанде қабл мурофиаи судӣ нисбат ба шаҳрванди 46-солаи Қирғизистон Абдулҳаким Матиброҳимов ба анҷом расидааст.

Суд шаҳрванди Қирғизистонро ба содир намудани ҷиноятҳо тибқи моддаҳои 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар), 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба содир намудани ҷиноят) ва 289, қ 2 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 14 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум намуд.

Ба иттилои манбаъ, Матиброҳимов моҳи октябри соли гузашта дар қаламрави деҳоти Лаккони ноҳияи Исфара боздошт шуда буд. Зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 20 кило маводи мухаддири героин дарёфт шуда буд. Боздоштшуда ният дошт, ки ин миқдор маводи мухаддирро ба Қирғизистон интиқол диҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.