13 медали толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи байнулмилалӣ

Толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи VIII-уми байнулмитлалии Жаутик оид ба математика, физика ва информатика, ки дар шаҳри Алмаато доир гардид, 13 медал ба даст оварданд. Дар Олимпиадаи мазкур 54 даста аз 18 кишвари дунё ширкат варзид. Иштирокчиёни олимпиада дар маҷмӯъ барои ба даст овардани 171 медал қувваозмоӣ намуданд. Тоҷикистонро дар олимпиада ду даста аз литсейи Тоҷикистону […]

Меҳрангез Турсунзода


Толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи VIII-уми байнулмитлалии Жаутик оид ба математика, физика ва информатика, ки дар шаҳри Алмаато доир гардид, 13 медал ба даст оварданд.

Дар Олимпиадаи мазкур 54 даста аз 18 кишвари дунё ширкат варзид. Иштирокчиёни олимпиада дар маҷмӯъ барои ба даст овардани 171 медал қувваозмоӣ намуданд.

Тоҷикистонро дар олимпиада ду даста аз литсейи Тоҷикистону Туркия, як даста аз литсейи «Ҳотам ва ПВ», дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе, ки аз ҳафтнафарӣ иборат буданд, намояндагӣ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз литсейи тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камол хабар доданд, толибилми ин муассисаи таълимӣ Муҳаммадфирӯз Ҳасанов аз фанни математика соҳиби медали тилои олимпиада гардидааст. Дар маҷмӯъ толибилмони ин литсей нӯҳ медал ба даст оварданд: як медали тило аз фанни математика, ду медали нуқра аз фанни информатика ва физика ва шаш медали биринҷӣ аз фанҳои математика, физика ва информатика.

Аз литсейи «Ҳотам ва ПВ» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар олимпиада дастаи литсейи мазкур чор медал: ду нуқра аз фанни математикаву информатика ва ду биринҷӣ аз математика ба даст овардааст. Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дастаи ин литсей бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои олимпиада ҳафт дастаи беҳтарин муайян карда шуданд. Дастаи литсейи тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камол мақомои дуввумро ишғол карда, ба ҳар як узви даста аксбардори рақамӣ тақдим карда шуд.

Дар торнамои олимпиада итттилоъ дода мешавад, ки ҷойи дуввумро толибилмони тоҷик ҳамроҳ бо дастаи София (Булғория) касб кардаанд. Мақоми аввалро дастаи Алмаато ва ҷойи севумро дастаи мактаби математикии Булғория, литсейи физика ва математикаи Киев ва Мактаби таҳислоти умумии миллии Тюдор Виану аз Бухарест ишғол намуданд. Дар қувваозмоии даставӣ Шоҳҷоиза насиби Маркази махсуси таълимиву илмии Донишгоҳи давлатии Маскав гардид.

Дастаи Ӯзбекистон ягон медал ба даст оварда натавонист. Дастаҳои Туркманистону Қирғизистон ҳар кадоме сазовори шаш медалӣ шуданд. Дастаи мизбон – Қазоқистон 58 медал, аз ҷумла 29 медали тило ба даст овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.