Ф.Саидов: Вазири маориф бо пешниҳоди мо аз мансаб сабукдӯш шуд

Date:


Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки собиқ вазири маорифи ҷумҳурӣ бо пешниҳоди агентии мазкур аз мансаб сабукдӯш карда шуд.

Ба гуфтаи вай, соҳаи маориф яке аз бахшҳои фасодзадатарини мамлакат боқӣ монда, соли гузашта дар ин бахш 80 ҷиноёти коррупсионӣ ошкор ва маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 2,3 млн. сомонӣ барқарор карда шудаанд.

Ф.Саидов таваҷҷуҳи журналистонро ба яке аз далели ошкоршуда дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба Вазорати маориф тобеъ аст, ҷалб намуд. «Дар ҷараёни тафтишот дар ин мактаб ошкор гардид, ки директор ва сармуҳосиб тавассути тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 380 ҳазор сомонӣ маблағҳоро азхуд кардаанд. Онҳо маблағро ба суратҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронида, сипас онҳор ба пули нақд табдил  ва азхуд мекардаанд. Яъне пули кӯдакони ятимро азхуд мекарданд», – афзуд Саидов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...