Зоҳидов: Оғози ҷанг дар Эрон иштибоҳи фоҷеаборе хоҳад буд

– Тоҷикистон ҷонибдори гуфтушуниди мусолиматомез оид ба ҳалли барномаи ҳастаии Эрон аст ва минбаъд низ чунин мавқеъро пайгирӣ хоҳад кард, – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов. Дар идома ӯ гуфт, агар фарзияҳои бархе аз коршиносон дар бораи оғози амалҳои низомии ИМА ва Исроил алайҳи Эрон ба воқеият табдил ёбанд, […]

Аваз Юлдошев


– Тоҷикистон ҷонибдори гуфтушуниди мусолиматомез оид ба ҳалли барномаи ҳастаии Эрон аст ва минбаъд низ чунин мавқеъро пайгирӣ хоҳад кард, – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов.

Дар идома ӯ гуфт, агар фарзияҳои бархе аз коршиносон дар бораи оғози амалҳои низомии ИМА ва Исроил алайҳи Эрон ба воқеият табдил ёбанд, пас ин иштибоҳи фоҷеаборе хоҳад буд.

Дар робита ба таҳримҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар мавриди даст кашидан аз маҳсулоти нафтии Эрон, дипломати тоҷик изҳор кард, ки аз чунин таҳримот пеш аз ҳама ба мардуми одӣ – ҳам ба эрониёну ҳам ба шаҳрванони кишварҳои Аврупо мушкил эҷод мегардад, зеро кор кам шуда, сатҳи даромад низ коҳиш меёбад.

«Иттиҳоди Аврупо аз ҳаҷми умумии  нафти Эрон тақрибан 20 дарсадашро дастрас мекард ва ман мутмаинам, ки базудӣ миёни кишварҳои Осиё харидори нафти Эрон пайдо хоҳад шуд», – таъкид кард Зоҳидов.

Дар посух ба саволи журналистон перомуни имкониаз ҷониби Тоҷикистон харидорӣ кардани нафти Эрон, номбурда гуфт, миёни Тоҷикистону Эрон қубур (лӯла)-и газӣ вуҷуд надорад ва дар дохили Тоҷикистон шумори корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтӣ ангуштшуморанд.

«Агар мо нафти Эронро харида, онро дар кишвари сеюм коркард намоем, маҳсулоти ҳосилшуда хеле гарон мешавад», – афзуд муовини вазири корҳои хориҷӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.